5 Март 2023 - 17:36
Муовини дипломатии иқтисодии вазорати умури хориҷа: Тиҷорат миёни Эрон ва Покистон ба 2/5 миллиарддоллар расид

Муовини дипломатии иқтисодии вазорати умури хориҷаи Эрон, эълом кард, тиҷорат миёни Эрон ва Покистон ба 2/5 миллиард доллар расид.

Маҳдии Сафарӣ, Муовини дипломатии иқтисодии вазорати умури хориҷаи Эрон, тиҷорати Эрон ва Покистонро қобили қабул хонд.

Ҳамкориҳо ва мубодилоти иқтисодии Эрон ва Покистон, дар моҳҳои ахир афзоиши чашмгире доштааст.

Сафарӣ бо баёни инки тиҷорати миёни ду кишвар ба 2/5 миллиард доллар расида гуфт, мизони содирот аз Эрон ба Покистон фақат дар ақломи кишоварзӣ 350 миллиондоллар аст ва ин мизон барои Покистон 650 миллиондоллар мебошад.

Вай афзуд, иллати рушди мизони содирот ва тиҷорат миёни ду кишвар омода шудани зерсохтҳое монанди бозорчаҳои марзӣ, гумрукот ва роҳандозии масирҳои ҷадиди ҳамлу нақл аст.

Сафарӣ ҳамчунин гуфт, дар сурати тавофуқи тарафи Покистон барои роҳандозии масири Мирҷова ба Карочӣ суръати ҳамли коло ва аз сӯи дигар тасреъ дар тиҷорат барои бозаргонони ду тараф тасҳил хоҳад шуд.

342/